Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллард то охири январ ба Душанбе меояд


Элизабет Миллард
Элизабет Миллард

Элизабет Миллард, дипломати амрикоӣ, то охири моҳи январ ба Тоҷикистон омада, ба ҳайси сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба кор оғоз хоҳад кард. Дар ин бора дар саҳифаи расмии сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки қаблан ба Сюзан Эллиотт тааллуқ дошт, хабар дода шудааст.

Дар ин паёми кӯтоҳ, ки 11 январ нашр шуд, гуфта шудааст, иттилои бештар дар бораи сафар ва нақшаҳои Миллард дар тӯли ҳузураш дар Тоҷикистон ба зудӣ эълон мешавад. Ӯ дар мақоми сафири Амрико Сюзан Эллиоттро иваз кард.

Элизабет Миллард дипломати собиқадор буда, аз соли 2013 ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико кор мекард. Ӯ дар гузашта, тайи солҳои 2011-2013, муовини раҳбари намояндагии сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон, низ будааст.

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қаблан дар сафоратҳову консулгариҳои Амрико дар Марокаш, Непал ва Ҳиндустон ҳам кор кардааст. Аммо таҷрибаи дипломатии ӯ аз кор дар Ҷумҳурии Чех ва Дания оғоз мегирад. Элизабет Миллард унвони баклаврро аз Мактаби иқтисодии Лондон ва унвони магистрро аз Мактаби пажӯҳишҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG