Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони башарӣ ба шаҳри Мазойё меравад


Корвони мошинҳо бо кӯмаки башардӯстона рӯзи 11 январ вориди шаҳри муҳосирашудаи Мазойёи Сурия мешавад, ки бар пояи баъзе хабарҳо, мардумаш аз гуруснагӣ мемиранд. Шаҳр таҳти назорати ошӯбгарон қарор дорад ва онро ним сол боз нерӯҳои ҳукуматӣ иҳота кардаанд.

Интиқоли фаврии маводи озӯқа ба ин шаҳр бояд рӯзи 10 январ сурат мегирифт, аммо амалиёт барои як рӯз мавқуф гузошта шуд.

Дафтари Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Сурия мегӯяд, ки ба ҷуз Мазойё боз ду шаҳри дигари аз сӯи ошӯбгарон иҳоташуда – Фоуа ва Кефрая низ аз кӯмаки башарӣ бархӯрдор мешаванд.

Гуфта мешавад, ки тақрибан 40 ҳазор нафар дар Мазойё, шаҳри воқеъ дар наздикиҳои марзи Лубнон, ба хотири зинда мондан алаф ва ҳайвоноти хонагиро истеъмол мекунанд.

Созмони байнулмилалии “Табибони бидуни марз” ҳушдор дод, ки Мазойё ба кӯмаки доимии башарӣ ниёз дорад. Дар баёнияи ин созмон гуфта шудааст, ки мардуми шаҳр аз гуруснагӣ ва нарасидани дорувор азият мекашанд.

XS
SM
MD
LG