Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эл Чапо ба Амрико истирдод мешавад


Шон Пенн (аз чап) ва Ҷоакин Гузман
Шон Пенн (аз чап) ва Ҷоакин Гузман

Маҷаллаи амрикоии Rolling Stone ва ситораи Ҳолливуд, барандаи ҷоизаи “Оскар” Шон Пенн баъд аз нашри мусоҳиба бо наркобарони мексикоӣ Ҷоакин Гузман, ки бештар бо тахаллуси Эл Чапо маъруф аст, ҳадафи интиқод қарор гирифтанд.

Пенн ва ситораи сериёлҳои мексикоӣ Кэйт Дел Кастилио бо раҳбари бузургтарин картели маводи мухадир “Синалоа” моҳи октябр дар Мексика мулоқот карданд. Ин мулоқот се моҳ баъд аз фирори Гузман аз маҳбаси мексикоии “Алтиплано” тавассути туннели зеризаминӣ баргузор шуд. Ба иттилои мақомоти Мексика, Гузман барои он ба мусоҳиба бо Шон Пенн розӣ шуд, ки мехост Ҳолливуд дар бораи зиндагии ӯ филм таҳия кунад.

Ба гуфтаи манбаъ дар ҳукумати Мексика, сӯҳбати ҳафтсоатаи Шон Пенн бо Эл Чапо ба мақомоти тафтишотӣ барои муқаррар намудани ҷойи будубоши ҷинояткори фирорӣ кӯмак кардааст. Эл Чапо рӯзи 8 январ, як рӯз қабл аз нашри мусоҳиба бо ӯ дар маҷаллаи Rolling Stone, боздошт шуд. .

Мақомоти Мексика хабар доданд, ки раванди истирдоди Ҷоакин Гузман ба Иёлоти Муттаҳидаро шурӯъ кардаанд. Эл Чапо дар Амрико дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ба кишвар айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG