Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон музокирот бо толибон матраҳ мешавад


Сартоҷ Азиз
Сартоҷ Азиз

Дипломатҳои Покистон, Афғонистон, ИМА ва Чин дар Исломобод рӯзи 11 январ ба музокирот ба хотири таҳияи нақшаи гуфтушуниди сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” шурӯъ карданд.

Дар ин гуфтушунид муовини вазири умури хориҷюии Афғонистон Ҳикмат Карзай, вазири умури хориҷии Покистон Эъзоз Чаудрӣ ва дипломатҳои воломақоми ИМА ва Чин ширкат доранд. Музокирот бидуни ширкати толибон мегузарад.

Мушовири нахуствазири Покистон дар умури масоили хориҷӣ Сартоҷ Азиз зимни ифтитоҳи нишаст гуфт, ки ҳадафи асосӣ моил сохтани толибон барои нишастан пушти мизи музокирот ва баррасии афзоиши хушунат аст. Ба гуфтаи ӯ, муҳим он аст, ки раванди музокирот бо пеш гузоштани шартҳои пешакӣ шурӯъ нашавад.

Як рӯз пеш Ҷавод Файсал, намояндаи раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки дар музокироти Исломобод рӯйи таъини механизми музокироти мустақим миёни Кобуд ва ҷунбиши “Толибон” дар оянда тамаркӯз мешавад. Ӯ афзуд, Покистон рӯйхати фармондеҳони толиберо ироа мекунад, ки ба гуфтугӯ ба хотири хатми ҷанги 14-сола миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” омодаанд. Покистон ҳамчунин барои қатъи пуштибонии молиявӣ ба мусаллаҳони толиби мустақар дар шаҳрҳои кишвар ва манъи ҳамлаҳои онҳо ба қаламрави Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст, гуфт Ҷавод Файсал.

Кобул солҳо боз Покистонро дар пуштибонии пинҳонии толибони афғон айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG