Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои санҷишии “Истиқлол” дар Қайроққум ва Тошканд


Бозии дастаи "истиқлол"
Бозии дастаи "истиқлол"

“Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳрҳои Қайроққум ва Тошканд бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи футболи Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав дар шаҳрҳои Қароққуми вилояти Суғд ва Тошканди Узбакистон чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе рӯзҳои 12-ум ва 15-уми январ дар шаҳри Қайроққум бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ду бозии санҷишӣ хоҳанд кард.

Дарвоқеъ, “Хуҷанд” дар айни ҳол ба бозии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё(AFC)-2016, ки 9-уми феврал дар меҳмонӣ бо дастаи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.

Бозиҳои санҷишии “Истиқол” бо бошгоҳҳои футболи Узбакистон – «Олмалиқ» ва «Нефтчӣ» - дар шаҳри Тошканд, дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», баргузор мешаванд.

“Истиқлол” бо «Олмалиқ» рӯзи сешанбеи 19-уми январ рақобат мекунад. Бозии санҷишии “Истиқлол” бо «Нефтчӣ”-и Фарғона, қаҳрамони панҷкаратаи Узбакистон, рӯзи ҷумъаи 22-юми январ доир хоҳад шуд.

Ба шаҳри Тошканд «Истиқлол» дар рӯзҳои ин бозиҳо аз шаҳри Қайроққум, ки дар ин ҷо рӯзи шанбеи 9 январ ҷамъомади таълимиву тамринии даста шурӯъ шудааст, сафар хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар мавсими гузашта дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқоти қаҳрамонии Узбакистон «Нефтчӣ» дар ҷойи панҷум ва «Олмалиқ» дар ҷойи шашум қарор гирифтанд.

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол»:

12 январ (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Истиқлол» — «Хуҷанд»

Қайроққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

15 январ (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хуҷанд» — «Истиқлол»

Қароққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

19 январ (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Олмалиқ» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

22 январ (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Нефтчӣ» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

XS
SM
MD
LG