Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ССКА "Помир"


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бозии санҷиширо бо ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22), ки ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад, бозии санҷиширо бо тими ССКА “Помир"-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 10-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳисобро Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 25-ум боз кард. Голи ҷавобиро Фирӯз Раҳматов, бозигари мунтахаби ҷавонони кишвар, дар дақиқаи 75-ум ба самар расонд.

Ин бозии охирини санҷишии ҷавонони Тоҷикистон (U-22) пеш аз сафари даста ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди ин бозӣ футболбозони ҷавони тоҷик се рӯз истироҳат мекунанд. Даста рӯзи 13-уми январ ҷамъ меояд ва субҳи 16-уми январ барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 ба Санкт-Петербург сафар хоҳад кард.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи«В» бо дастаҳои Русия (17 январ), Эстония (19 январ) ва Латвия (21 январ) бозӣ мекунад.

Бозии санҷишӣ:

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – ССКА «Помир» – 1:1

Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 25 (0:1). Фирӯз Раҳматов, 75 (1:1).

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22): Эмомалӣ Сониев, Фирӯз Қараев, Ойбек Абдуғаффоров, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 66, Эҳсони Панҷшанбе, 81), Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Зиёвуддин Фузайлов (Ромиш Ҷалилов, 77), Фаридун Шарифов (Алишер Шарифов, 26), Ҷаҳонгир Эргашев, Нозим Бобоҷонов (Фирӯз Раҳматов, 71).

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Алишер Холмуродов (Комрони Мирзонаҷот, 46), Бузургмеҳр Раҳмоналиев (Сайҳомид Узбеков, 66), Рустам Толибов (Маҳмуд Фузайлов, 89), Зоир Ҷӯрабоев, Фаррух Фузайлов, Парвиз Қашқаров, Шамсиддин Қосимов (Ориён Азизов, 87), Давронҷон Тухтасунов (Киромиддин Абдуалимов, 75).

Огоҳонида шуданд: Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Шарифов (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон), Шамсиддин Қосимов, Рустам Толибов, Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

10 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.

XS
SM
MD
LG