Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакҳо қирғизи захмиро ба ватанаш фиристодаанд


Пас аз музокироти намояндагони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Узбакистон, марзбонҳои узбак қирғизи захмиро ба ҷониби Қирғизистон таслим кардаанд. Ҳамакнун ин марди 32-сола дар бемористони шаҳраки Шамалдуу-Сайи Қирғизистон бистарӣ шудааст. Вазъи саломати ӯ қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Рӯзи 9 январи соли ҷорӣ дар минтақаи ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолободи марзи муштараки Қирғизистону Узбакистон миёни шаҳрвандони Қирғизистону марзбонони Узбакистон моҷаро рух дод. Тибқи иттилои муқаддамотӣ, 4 шаҳрванди қирғиз талош кардаанд, хатти обрасониро, ки сокинони минтақаи Узбакистонро бо оби ошомиданӣ таъмин мекард, хароб кунанд.

Бо вуҷуди ҳушдори марзбонони узбак ин афрод кори худро идома додаанд. Дар натиҷа, моҷарое рух дода, марзбони узбак як шаҳрванди қирғизро ба зарби тир захмӣ кардаанд. Ҳоло намояндагони ниҳоди марзбонии Қирғизистону Узбакистон якҷоя ба бозрасии ин ҳодиса шурӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG