Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мастона: Ман ба сирк бармегардам


Мастона Собирова дар бемористон
Мастона Собирова дар бемористон

Мастона Собирова, ки рӯзи 10-уми январ дар вақти ҳунарнамоӣ дар сикр аз баландии 7 метр афтид, мехоҳад ҳарчӣ зудтар ба саҳна баргардад.

Мастона Собирова, дорбози Сирки Тоҷик, ки рӯзи 10-уми январ дар вақти ҳунарнамоӣ аз баландии 7 метр ба замин афтод, мегӯяд, ки осеби ҷисмонӣ надорад ва омода аст ба кор баргардад. Барномаҳои нави Сирки Тоҷик аз 31 уми декабр оғоз ёфтанд ва дар ин барномаҳо Мастона дар 3 бахш ҳунарнамоӣ мекард.

Шӯъбаи шикастабандии бемористони Қарияи боло, ин шабу рӯз ҷои рафтуомади сиркбозони тоҷик шудааст. Ҳодисаи аз сақфи сирк ба замин афтодани Мастона Собирова, дорбоздухтари тоҷик ҳамкорони ӯро, ки ҳеҷ бовар надоштанд баъди фаъолияти 13-сола, бо ин сиркбоз чунин иттифоқе рух медиҳад, нороҳат кард. На танҳо ҳамкорон, балки бо дидани навори сарозер шудани Мастона дар Интернет бисёриҳо аз сарнавишти ӯ нигарон шуданд.

Аммо худи Мастона мегӯяд, ташхисҳо муайян кард, ки ӯ осеби ҷиддӣ надидааст ва пас аз як рӯзи дигар рухсат мешавад. Мастона Собирова афтодани худро аз баландии 7 метр як ҳодисаи маъмулӣ дар сирк медонад ва бо табассум мегӯяд, ки инсонҳо бе кор кардан дар сирк ҳам ҳар рӯз дар кӯчаҳо меафтанд. Мастона, ки бе таноби ҳифозатӣ ё "страховка" кор мекард, гуфт, "бо ҳамкорам кор мекардам дар ин нақш ва барнома ҳамин хел буд, ки пойи ӯ бояд такягоҳи ман мебуд, ман танобро нотарсона сар медодам ва шарикам маро аз афтодан ҳифз мекард."

Мастона дар вақти иҷрои охирин қисмати бахши тасма дар барномаи нави сиркӣ, ки мӯҳтавои ишқӣ дошт, ғайриинтизор ба замин афтид ва аз ҳуш рафт. Ин бахшро Мастона ҳамроҳ бо Азамат Турсунов, сиркбози дигари тоҷик иҷро мекард ва онҳо бо ҳаракоти мухталиф тавассути ресмонҳо дар баландиҳои ҳудудан 10 метр муҳаббати худро тасвир мекарданд. “Беэҳтиётӣ инҷо ҳам аз тарафи ман ва ҳам аз сӯи ӯ шуд. Ман қапидам ва ба ӯ ишора кардам, ки сар диҳад. Вай ҷаҳиш карда дастонашро сар дод ва пойҳои маро, ки бо ҳам баста буданд, кушод ва худаш поин шуд. Толор серодам буд ва шояд мо каме саросема шудему иштибоҳ кардем,”- гуфт Азамат Турсунов.

Мастона: Афтидани ман як тасодуф буд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Азамат ва Мастона 13 сол якҷо дар Тоҷикистон ва берун аз он ин барномаро иҷро кардаанд, аммо мегӯянд, ин бори аввал аст, ки дар толор назди садҳо тамошобин ба чунин хатаре ру ба рӯ шуданд. Масъулини Сирки Тоҷик мегӯянд, ҳарчанд афтидану лат хӯрдани сиркбозон дар толор дар таҷрибаи сиркҳо зиёд иттифоқ меафтад, аммо дар Тоҷикистон онҳо чунин ҳодисаро ёд надоранд.

Обидҷон Эргашов, роҳбари бадеии Сирки Тоҷик ва ҳамсари Мастона Собирова мегӯяд: “Барои иҷрои як чунин барнома мо ним сол ва бештар аз он омодагӣ мебинем. Ҳар рӯз пеш аз кор то ду соат машқ мекунанд. Вале намедонам, чаро чунин шуд. Ҳамроҳи Мастона бояд фармони апп медод ва бояд бояд мисли қуфл бошад, аммо ин қуфл кушода шуд. Ва лаҳзае, ки бояд бо ресмон давр мезаданд, бояд ин давр тибқи меъёр анҷом мешуд, аммо онҳо сахт давр заданд ва шояд ҳамин иштибоҳи онҳо буд.”

Мастона Собирова аз аввалин дорбоздухтарони сирки тоҷик аст. Вай соли 2002 вақте дар гурӯҳи рақсии “Зебо” фаъолият дошт, барои кор дар сирк даъват гирифт. Ҳарчанд медонист, ки ин кор ба фарқ аз рақс хатарнок аст, вале даъватро пазируфт ва вазнашро ам ба кори сирк мувофиқ кард. Мастона мегӯяд, бо он ки аз баландии 7 метр ба замин сарозер шудааст, вале тарс надорад ва намехоҳад аз касби дӯстдоштааш даст кашад ва аз ширинтарин лаҳзаҳо - кафкӯбии мухлисон ва шодии тамошобинон - маҳрум шавад.

Сарозер шудани Мастона аз сақфи Сирки Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

XS
SM
MD
LG