Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати Эрону Саудӣ дар музокироти сулҳи Сурия


Як мақоми Созмони Милал гуфтааст, бо вуҷуди таниш миёни Эрону Арабистони Саудӣ ин ду кишвар омодагии худро барои ширкат дар музокироти сулҳи Сурия иброз доштаанд.

Интизор меравад, ин музокирот рӯзи 25 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Женева баргузор шуда ва дар он намояндагони давлати Сурия ва мухолифони ин кишвар мавзӯъи истиқрори сулҳ дар Сурияро баррасӣ кунанд.

Стаффан де Мистура, намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия дар зарфи панҷ рӯзи ахир аз Эр-Рияд, Димишқ, Бейрут, Анқара ва Теҳрон дидор карда ва бо мақомоти кишварҳои минтақа мавзӯъи музокироти сулҳи Сурияро матраҳ кардааст.

Дар баёнияи дафтари матбуоти СММ таъкид шудааст, ҷаноби де Мистура аз ҷараёни ин дидорҳои худ дабири кулли Созмони Милалро муталеъ сохта ва бо ӯ масоили мавриди баҳс барои ҳалли мухолифати Сурияро баррасӣ хоҳад кард.


XS
SM
MD
LG