Пайвандҳои дастрасӣ

10 январ дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис ҳазорон нафар гирдиҳам омаданд, то хотираи 150 нафар қурбонии ҳамлаҳои террористии соли гузаштаро гиромӣ доранд.

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Анне Ҳидалго-шаҳрдори Порис парда аз рӯи ёдгории қурбониёнро бардоштанд. Ин ёдгорӣ дар майдони марказии Порис бо номи Майдони Ҷумҳурӣ гузошта шуд. Баъд аз ҳамлаҳо майдони мазкур рамзи ҳамбастагии мардум ба шумор меравад.

Ҷонӣ Ҳолидей-овозхони роки Фаронса сурудеро ба хотираи қурбониён иҷро кард ва хори артиши Фаронса мусиқии Марселлеза-суруди миллии Фаронсаро иҷро намуд.

Ин маросим аз ҷумлаи тадбирҳои як ҳафтаи охир аст, ки ба поси хотираи қурбониёни ҳамлаи бозори яҳудиҳо ва ҳамла ба дафтари нашрияи Шарлӣ Эбдо баргузор мешавад.

Ин маросимҳо ҳамчунин ба хотираи 130 нафар қурбониёне низ бахшида мешавад, ки дар ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи чанд қисмати шаҳри Порис- дар толори консертӣ, қаҳвахона, варзишгоҳ ва ҷойҳои дигар 13 ноябри соли гузашта анҷом гирифта буд.

Тундравҳои Давллати Исломӣ иддао карда буданд, ки ин ҳамлаҳоро онҳо анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG