Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад бин Салмон-вазири дифои Арабистони Саъудӣ 10 январ дар чаҳорчӯбаи як сафари расмии дипломатӣ аз Покистонбоздид мекунад.

Дар ҷараёни ин сафар вазири дифои Саъудӣ бо Навоз Шариф-нахуствазир, Хоҷа Осиф-вазири дифоъ ва бо Роҳил Шариф-раиси ситоди артиши Покистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Бино ба гузоришҳои расида аз Исломобод, ин боздид бахше аз талошҳои ҳукмати Саъудӣ барои ба даст овардани ҳимоят аз мавзеъгириҳои Арабистони Саъудӣ дар мубоҳисот бо Эрон мебошад.

Малоқоти 10 январ дуввумин мулоқоти ҷонибҳои Саъудиву Покистон дар се рӯзи охир аст. Одил Ҷубайр-вазири корҳои Хориҷаи Саъудӣ низ 7 январ ба Исломобод сафар кард, то танишҳо бо Эрон ва ташкили эътилофи зиддитеррористиро баррасӣ кунад.

Ҳоло Арабистони Саъудӣ ташкили як эътилофи зиддитеррористиро эълон кардааст. Покистон аломат додааст, ки имкони вурудаш ба ин эътилоф, яъне ба эътилофи 34 кишвар вуҷуд дорад. Вале дар ин бора ба таври расмӣ Исломобод чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG