Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон бо 2 кило ҳероин боздошт шуд


Хадамоти федеролии назорат бар маводи мухаддири Русия ба матбуот хабар додааст, ки кормандони онҳо як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 2 кило ҳероин боздошт кардаанд.

Дар хабари раёсати ин хадамот дар Маскав гуфта мешавад: “Кормандони раёсати Хадамоти федеролии назорат бар маводи мухаддири Русия дар кӯчаи Фестивалная як шаҳрванди кишвари Осиёи Миёнаро ба гумони тиҷорати маводи мухаддир боздошт кардаанд. Тавре ки маълум гардид, ин шарванд узви фаъоли як гурӯҳи ҷинояткор будааст, гурӯҳе ки аъзои он дар минтақаҳои марказии пойтахт дар ҳаҷми бузург маводи мухадирро ба савдо мезадаанд”.

Бино ба хабари дафтари матбуотии хадамоти мазкур, шахси боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон соли таваллудаш 1984 мебошад, ки ҳангоми гирифтани 2 кило ҳероин боздошт шудааст. Ин миқдор ҳероин дар чанд баста тақсим шуда буд.

Дар хабар омадааст: “Боздоштшуда зуд ҳамаро эътироф кард ва гуфт, ки миқдори зиёди маводи мухаддир, яъне бештар аз як кило мегирифт ва онро ба қисматҳои аз 50 то 500 грам тақсим мекард.

Бар зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон парванда боз шудааст ва ҳоло вай дар боздошт мебошад. Аз вай ном бурда намешавад.

XS
SM
MD
LG