Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мандарини Туркияро дар Русия нобуд карданд


Раёсати “Россельхознадзор”-и минтақаи Ставрополи Русия 220 килограм мандарини Туркияро аз муҷтамаи тиҷоратии шаҳраки Иноземцево мусодира ва нобуд кардааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд.

Тавре ки раёсати “Россельхознадзор” хабар додааст, ин мандаринҳо баъд аз эътибор пайдо кардани таҳримҳои Русия бар зидди меваву сабзавот аз Туркия ворид шудаанд.

28 ноябри соли гузашта Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия фармонеро имзо кард, ки бар асоси он аз 1 январ ворид кардани меваву сабзавот, гул, гӯшти яхзадаи мурғ ва намак аз Туркия мамнуъ мебошад.

Муносибатҳои миёни ин ду кишвар баъд аз сарнагун сохтани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи имёни Туркия ва Сурия сард шуд ва Русия бар зидди ин кишвар як силсила таҳримҳои иқтисодӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG