Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Вазорати хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния ин амали Кореяи Шимолиро омили ташаннуҷи авзо дар нимҷазираи Корея ва таҳдиде ба суботу амнияти байналмилалӣ унвон кардааст.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния озмоиши бомбаи ҳидрогнеӣ аз ҷониби Кореяи Шимолиро омили ташаннуҷи авзо дар нимҷазираи Корея ва таҳдиде ба суботу амнияти байналмилалӣ унвон кардааст.

Дар ин баёния омадааст: “Дар ин робита Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз изҳоротҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ҷоҳталабиҳои ҳастаии Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро маҳкум мекунанд, иброз дошта, ин кишварро барои иҷрои содиқонаиқатъномаи дахлдори Шӯрои Амнияти СММ ва идомаи музокироти созанда дар формати маъруфи шашҷониба даъват менамояд”.

Зимнан, рӯзи 6 январи соли ҷорӣ мақомоти Кореяи Шимолӣ дар бораи озмоиши нахустин бомбаи ҳидрогенӣ хабар доданд.

Чанд соате қабл аз эълони ин хабар тавассути телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ дар минтақаи озмоишгоҳи ҳастаӣ дар қисмати шимолу шарқии ин кишвар Хадамоти Геологии Амрико аз вуқӯъи заминларзаи 5,1 дараҷаи Рихтер дар ин ҷо иттило дод.

Дар баёнияи давлати Кореяи Шимолӣ таъкид шуда буд, ки “ин озмоиш маънии ба сатҳи болотари неруҳои ҳастаӣ расидани ин кишвар шаҳодат медиҳад”.

Амрико, Русия, Чин ва кишварҳои дигари бузурги ҷаҳон озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ аз ҷониби Кореяи Шимолиро шадидан маҳкум карданд. Барои баррасии вазъи пешомада рӯзи чоршанбеи гузашта ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ баргузор шуда ва дар қатъномаи он ташдиди чораҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, донишмандони Амрикою Русия ба озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ тавассути Кореяи Шимолӣ тардид карда ва гуфтаанд, ки барои анҷоми ин амал технологияи пешрафта ва заҳматҳои чандинсола зарур аст.

Бомбаи ҳидрогенӣ аз бомбаи оддии ҳастаӣ кучактар буда ва имкон дорад дар кулоҳаки мушакҳо ҷой шавад.

Ҳамзамон,ба гуфтаи донишмандон, иқтидори бомбаи ҳиндрогенӣ аз бомбаи ҳастаии муқаррарӣ 3-4 баробар бештар буда, ба ҳангоми таркиш ё инфиҷор неруи 50-60 мегатонро дорад.

XS
SM
MD
LG