Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бар зидди Саъудӣ ба СММ шикоят бурд


Ҷавод Зариф
Ҷавод Зариф

Эрон Арабистони Саъудиро муттаҳам кард, ки хусуматҳои мазҳабиро доман мезанад ва ин кишвари шоҳигарӣ бояд ё ҳимоят аз тундгароиро интихоб кунад ва ё муносибаташ бо кишварҳои Ховари Миёна беҳбуд бахшад.

Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар номае ба Бан ки Мун-Дабири кулли СММ гуфтааст, ки “Эрон хостори ташдиди вазъ дар кишвари ҳамсояи худ нест ва аз он манфиат ҳам намебардорад ва умедвор аст, ки Арабистони Саъудӣ ба сабабҳои он таваҷҷуҳ хоҳад кард”.

Вале Зариф гуфтааст, ки “Саъудӣ ба таври фаъол сафсата пахш мекунад” ва машғули як силсила “таҳрикоти мустақим ва марговар бар зидди Эрон аст”. Вай Саъудиро барои муносибатҳои бад бо зоирони ироқӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки он боиси барангехтани “ғазаби ҷомеа” дар Эрон шудааст.

Зариф барои сулҳу оромӣ ва “ваҳдати исломӣ” тасмими Теҳронро пешниҳод кардааст, ки набояд мисли Риёз муносибатҳои дипломатиро қатъ кард. Муносибатҳои ин ду кишвари қаввии минтақа баъд аз кутори рӯҳонии шиа Нимр-ал-Нимр бад шуд.

XS
SM
MD
LG