Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Белгороди Русия бар зидди як пизишк парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Баъзд аз лату кӯби ин пизишк бемор ҷон додааст. Ин парванда барои “беэҳтиётӣ” боз шудааст.

Бино ба хабари расонаҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба нашр расид ва дар он дида мешавад, ки чӣ тавр пизишк дар қабулгоҳ муштарё ё беморро мезанад. Баъди зарбаи вай марди бемор ба замин меафтад ва дигар аз ҷой барнамехезад.

Ин ҳодиса 29 декабр рух додааст. Дар натиҷаи расидагӣ гӯё маълум кардаанд, ки ин мард ҳангоми гирифтани муолиҷа ҳамшираи шафқатро бо лагад задааст ва ин пизишк ба истилоҳ “қасди ҳамшираи шафқат”-ро гирифтааст.

Аммо расонаҳои хабарӣ ба нақл аз қавли шоҳидон навиштаанд, ки ин мард дар ҳолати сархушӣ бо ҳамшираи шафқат баҳс кардааст, сипас бо лагад деворро задаасту баромада рафтааст ва аз паси иҷрои тавсияҳои пизишкон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG