Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 кишвар роҷеъ ба Афғонистон музокира мекунанд


Намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Амрикову Чин 11 январ дар Исломобод ба гуфтугӯ хоҳанд нишаст, то азсаргирии музокирот дар бораи хатми ҷанг дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Аҳмад Шикеб Мустағнӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон 9 январ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтаааст, ки дар ин музокирот “харитаи роҳи музокироти сулҳ”-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Мустағнӣ, ҳайати намояндагии Афғонистонро дар ин музокирот Ҳикмат Карзай-муовини вазири корҳои хориҷаи ин кишвар раҳбарӣ хоҳад кард.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ин музокирот Толибон ширкат намекунанд, вале рад намекунанд, ки мумкин аст дар яке аз марҳилаҳои музокирот ба ширкаткунандагони он бипайванданд.

Покистон моҳи июл мизбонии музокироти мақомоти Афғонистон бо Толибонро бар уҳда дошт, вале вақте ки Толибон даргузашти Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари пешини Толибонро таъйид карданд, ки музокирот ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG