Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон хостори бурдани нируҳои бештар ба шимоли Ироқ шуд


Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки кишвараш ба ҳифзи нируҳояш дар шимоли Ироқ зарурат дорад. Ба гуфтаи Эрдуғон, ҳафтаи ҷорӣ нируҳои Туркия ҳамлаи барномарезишудаи нируҳои тундрави Давлати Исломӣ ба як пойгоҳи машқҳои низомии худро баргардонданд.

Ин изҳорот боиси оғози дубораи баҳсҳо бо Бағдод шудааст.Баҳсҳо моҳи гузашта оғоз шуда буд, замоне ки Туркия тақрибан 150 нафар аз низомиёни худро дар наздикии Башиқа ҷойгир кард. Дар ин пойгоҳ низомиёни Туркия шибҳанизомиёни Ироқро омӯзиш медиҳанд, то онҳо бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ ё ДОИШ биҷанганд.

Эрдуғон дар Истамбул ба хабарнигорон гуфт, ки нируҳои кишвараш 18 нафар тундравҳои ДОИШ-ро ба қатл расондаанд. Ин тундравҳо ба нақша гирифта буданд, ки ба пойгоҳи Башиқа рахна мекунанд ва ба нируҳо ҳамла мебаранд.

Эрдуғон афзуд, “ҳеҷ кас аз сарбозони Туркия захмӣ нашудааст ва ин ҳодиса нишон дод, ки иқдоми дуруст чӣ аст”. Вай бо ин суханон ҷойгир кардани нируҳои иловагӣ дар Башиқаро дар назар дошт.

Аммо Бағдод пофишорӣ дорад, ки ин нируҳо бидуни иҷоза дар он ҷо мустақар шудаанд ва бояд аз он ҷо хориҷ шаванд. Бағдод дар ин бора ба Амрико ва СММ шикоят бурдааст ва хостори хуруҷи ҳарчӣ зудтари нируҳои Туркия аз шимоли Ироқ шудааст.

XS
SM
MD
LG