Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷангҷӯи ДОИШ модарашро кушт


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Як ҷангҷӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" модари худро дар маҳзари умум эъдом кардааст. Гурӯҳи ҳукуқи башари Сурия, марказаш дар Лондон мегӯяд, ки модари ин ҷангҷӯ аз писараш хоста буд, ки ин гурӯҳро тарк кунад. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки Алӣ Сақри 20-сола модараш Линоро дар ҳузури садҳо тан дар наздикии биное, ки модараш онҷо кор мекардааст, дар шаҳри Риққа -- пойгоҳи асосии ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ", куштааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки Алӣ Сақр дар мавриди модараш ба мақомоти гурӯҳи "Давлати исломӣ" гузориш дода буд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" ин занро боздошт ва ба иртидод (тарки кардани дин) муттаҳам карда буд. Ин зан ки беш аз чиҳил сола будааст, дар шаҳраки Табақа дар наздикии Риққа зиндагӣ мекардааст.

XS
SM
MD
LG