Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 32 гумонбари амалҳои шаҳвонӣ дар Кёлн


Мақомоти Олмон мегӯянд, аз 32 гумонбари амалҳои шаҳвонӣ нисбати занон дар шаби Соли нав дар шаҳри Кёлн 18 нафарашон довталабони мақоми паноҳандагӣ дар кишваранд.

Тобиас Плате, намояндаи вазорати умури дохилии Олмон, рӯзи 8 январ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамаи гумонбарон аз сӯи полиси федеролӣ боздошт шудаанд. Аксари онҳо дар дуздӣ ва расонидани осеби ҷисмонӣ гумонбар мешаванд. Шаби Соли нав се амали таҷовуз ба номус ҳам рӯй дод, аммо гумонбарон дар ин ҷиноят ҳанӯз дастгир нашудаанд, гуфт Тобиас Плате.

Даҳҳо занони сокини шаҳри Кёлн ба полис дар он бора шикоят карданд, ки шаби Соли нав мавриди амалҳои шаҳвонӣ ва ғорати мардҳои ношинос қарор гирифтанд. Ин гуна ҳодисаҳо дар шаҳри Ҳамбург ҳам рӯй доданд.

Ҳейко Маас, вазири адлияи Олмон, рӯзи 7 январ гуфт, агар довталабони мақоми паноҳандагӣ дар моҷарои амалҳои шаҳвонӣ дар шаҳри Кёлн даст дошта бошанд, онҳо аз кишвар хориҷ карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG