Пайвандҳои дастрасӣ

Платини дигар довталаби курсии раиси ФИФА нест


Мишел Платини

Мишел Платини

Мишел Платини – раҳбари Иттиҳодияи футболи Аврупо эълон кард, ки номзадияшро аз интихоботи раҳбари нави Федератсияи ҷаҳонии ё ФИФА пас гирифтааст.

Мишел Платини, раиси Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) аз довтаалабӣ барои дарёфти курсии президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) даст кашидааст. Ӯ дар сӯҳбат бо як нашрияи варзишии Фаронса гуфтааст, “номзадиамро пас мегирам, зеро вақти барои мулоқот бо раъйдиҳандагон ва мубориза бо дигаронро надорам.”

Платини афзудааст, аз талош барои дарёфти курсии раиси ФИФА даст мекашад, то барои ҳимоят аз худаш дар додгоҳ омодагӣ гирад. Моҳи декабр Платини ҳамроҳ бо собиқ раиси ФИФА Зеп Блаттер ба муддати 8 сол аз кор дар соҳаи футбол маҳрум шуданд.

Кумитаи ахлоқии ФИФА иброз дошт, ки соли 2011-ум бо иҷозати Блаттер ба Платинӣ ғайриқонунӣ 2 миллион франки швейтсарӣ додаанд. Кумита хотирнишон кардааст, ки он вақт Блаттер барои бори чорум ишғол намудани курсии раиси ФИФА мубориза мебурд. Платинӣ ва Блаттер ин айбномаро рад мекунанд.

26-уми феврали соли равон интихоби раҳбари нави ФИФА доир хоҳад шуд. Платинии 60-сола яке аз довталабҳои ин курсӣ ба шумор мерафт, вале ӯ мегӯяд, ки аз мубориза барои ишғоли курсии раҳбари ФИФА даст кашида, саъй хоҳад кард, номашро аз айбномаҳои фасод ва тақаллуб пок намояд.

Ҳамин тариқ, барои курсии раиси ФИФА панҷ номзад талош хоҳанд кард. Шоҳзодаи чилсолаи урдунӣ - Алӣ ибни Ҳусайн дар интихоботи соли 2015-ум бо Зеп Блаттер сабқат карда, дар даври ниҳоӣ ноком шуда буд. Дар барномаи интихоботии шоҳзода Алӣ пешниҳод шудааст, ки раҳбарии як нафар дар ФИФА аз ду даври чорсолӣ беш набошад. Ҳамчунон ӯ мехоҳад, ки интихоби кишвари мизбони Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум шаффор бошад.

Яке аз номзадҳои дигари ноком дар интихоботи соли 2015-ум Ҷером Шампейн ҳам номзадиашро барои раҳбарии ФИФА пешбарӣ кардааст.

Се номзади дигари курсии раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол - дабири кулли Иттиҳодияи футболи Аврупо Ҷаннӣ Инфантино, раиси конфедератсияи футболи Осиё шайхи баҳрайнӣ Салмон ибн Иброҳим ал-Халифа ва соҳибкор аз Африқои Ҷанубӣ Токио Сексвол мебошанд.

Бӯҳрони кунунии ФИФА моҳи майи соли гузашта, ду рӯз пеш аз конгресси ин созмон дар шаҳри Сюрих оғоз ёфт. Идораи тафтишоти Амрико ва муфаттишони Швейтсария 14 мақомдори баландпояи ФИФА-ро бо иттиҳоми ришваситонӣ ва фасод боздошт намуданд.

XS
SM
MD
LG