Пайвандҳои дастрасӣ

Паноҳандаи ӯзбак ба 25 соли ҳабс маҳкум шуд


Фазлиддин Қурбонов

Фазлиддин Қурбонов

Як паноҳандаи ӯзбак барои тарҳрезии ҳамла ба Академияи низомии Амрико аз сӯи додгоҳ барои 25 сол маҳкум ба зиндон шуд. Дар ҳукми ӯ, ки рӯзи 7 январ содир шуд, омадааст, Фазлиддин Қурбонов баъд аз адои ҳукм аз ИМА ихроҷ мешавад.

Додраси додгоҳ Эдвард Лодҷ изҳор намуд, ки паноҳандаи ӯзбак мехост дар Иёлоти Муттаҳида ҷиҳод кунад ва бомбро битарконад.

Фазлиддин Қурбонов, ронандаи мошини боркаш, ки соли 2009 аз Ӯзбакистон фирор карда буд, дар мурофиа бо забони русӣ сӯҳбат мекард ва гуфт, ки ӯ террорист нест ва ба касе осеб нарасонидаасту нияти ба ягон нафар, ба вижа ба амрикоиҳо осеб расониданро надорад.

Аммо додситонҳо мегӯянд, ки Қурбонов бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла, бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳамкорӣ мекард ва барои ҳамла ба муассисаҳои низомии Амрико, аз ҷумла, ба академияи низомии Вест Поинт дар Ню-Йорк маводи тарканда захира карда буд.

XS
SM
MD
LG