Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурез Зарифов, раҳбари собиқи хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар синни 69 даргузаштааст. Ҷанозаи ӯро рӯзи 7 январ дар зодгоҳаш шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба хок супурдаанд.

Гурез Зарифов риштаи байтории Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст, вале аз соли 1992 дар низоми гумрук кор мекард ва то ба рутбаи генерал-майор расида, аз соли 2006 то 2013 раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

Дар поёни соли 2013 Зарифовро дар курсии раҳбари ин Хадамот Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иваз кард. Дар шарҳи расмии ҳукумат гуфта мешуд, ки Гурез Зарифов ба нафақа рафтааст.

Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ моҳҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид.

XS
SM
MD
LG