Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22), ки ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад, дар як бозии санҷишӣ тими "Истиқлол"-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи 7 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳисобро Рустам Нагаев, легионери русиягӣ, ки феълан дар дастаи “Истиқлол” аз санҷиш мегузарад, дар дақиқаи 20-уми дидор боз кард. Аммо баъд аз панҷ дақиқа Ҷаҳонгир Алиев, бозигари мунтахаби ҷавонони кишвар, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби ҷавононро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.

"Истиқлол" - Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) - 1:2

Голҳо: Рустам Нагаев, 20 (1:0), Ҷаҳонгир Алиев, 25 (1:1). Фирӯз Раҳматов, 80 (1:2)

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 75), Аҳтам Назаров, Андрей Черчесов (Азамат Догузов, 46), Артур Губайдулин, Нуриддин Давронов, Артём Антипов (Хуршед Маҳмудов, 46), Дилшод Восиев, Рустам Нагаев, Амирҷон Сафаров (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Эдуард Сахилов (Манучеҳр Ҷалилов, 46).

Мунтахаби ҷавонониТоҷикистон (U-22): Эмомалӣ Сониев (Беҳрӯз Хайриев, 78), Табрези Давлатмир (Наврӯз Абдул, 63), Соҳиб Ҳакимов, Ойбек Абдуғаффоров, Фирӯз Қараев, Зиёвуддин Фузайлов (Бахтиёр Азимов, 46), Парвизҷон Умарбоев, Амирбек Ҷӯрабоев (Фирӯз Раҳматов, 63), Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Ҷаҳонгир Эргашев.

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Фирӯз Қараев (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»), 75, корти дувуми зард (бо ҳуқуқи таъвиз).

Сардовар: Сайёд Зайниддинов (Душанбе).

7 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

Дар айни ҳол дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон ба мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 17 то 23 январ дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар Душанбе омодагӣ мебинад. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён доранд. Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 21 бозигар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват намудааст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои ҷавонони Латвия, Русия ва Эстония рақобат хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик нахустин бозиашонро 17 январ бо дастаи мизбон – Русия - анҷом медиҳанд. Дар даври дувум 19 январ бо мунтахаби Эстония ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ 21 январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешаванд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова дохиланд.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойи ҳафтум талош хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG