Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо кас дар таркише дар Либия


Бар асари таркиши бомба дар як мошини боркаш дар маркази тамрини полис дар шаҳри Злитен, воқеъ дар ғарби Либия, рӯзи 7 январ, дасти кам 21 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо мири шаҳр Муфта Лаҳмадӣ теъдоди қурбониёнро 40 нафар гуфтааст, зеро, ҳангоми таркиш дар марказ садҳо кормандони навхати полис ҷамъ омада буданд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Либия ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” карданд.

Баъд аз ошӯби соли 2011, ки бар асари он раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ кушта шуд, дар ин кишвари нафтхез мубориза миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ барои назорати мавзеъҳои алоҳида оғоз ёфт.

Охирҳои моҳи гузашта Шӯрои амнияти СММ созиши сулҳ миёни гурӯҳҳои даргир дар Либия ба хотири ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро пазируфт. Кишварҳои аврупоӣ умедворанд, ки таъсиси ин ҳукумат боиси эътидол дар кишвар ва муборизаи муштарак ба хотири ҷилавгирӣ аз афзуоиши ҳузури гурӯҳи "Давлати исломӣ» дар Либия мешавад.

XS
SM
MD
LG