Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди коҳиши қимати нафт идома дорад


Қимати нафт дар бозори ҷаҳон рӯзи 7 январ аз 33 доллар барои як баррел ҳам арзонтар шуд, ки пойнтарин қимат дар тақрибан дувоздаҳ соли ахир аст. Нафти навъи Brent дар бозор бо қимати 32,4 доллар барои як баррел фурӯхта шуд. Оҷонси Bloomberg пешгӯӣ кардааст, ки тайи даҳ рӯзи оянда нархи нафт то 30 доллар барои як баррел коҳиш хоҳад ёфт.

Тайи як шабонарӯз баъд аз суқути бозори саҳҳоми Чин қимати ин навъи нафт 8 дар сад коҳиш ёфт. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Чин маҷбур шуданд, ки бар асари пойин рафтани қиммати саҳмияҳои ширкату корхонаҳои бузурги кишвар фаъолияти бозорҳои асосии молиявиро барои 15 дақиқа мутаваққиф кунад. Аммо баъд аз ин “танаффус” ҳам суқут идома кард ва масъулин дар бораи то охири рӯз қатъ шудани хариду фурӯш дар ин бозорҳо тасмим гирифтанд.

Ба думболи бозори Чин рӯзи 6 январ қиммати саҳмияҳои ширкату корхонаҳои бузурги амрикоиву аврупоӣ ҳам пойин рафт. Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои аслии коҳиши қимати нафт иттилоъ дар бораи то тақрибан 11 миллион баррел афзоиш ёфтани захираи бензин дар ИМА аст. Ба ин раванд авзоъ дар Ховари Миёна, аз ҷумла, низоъ миёни Арабистони Саъудӣ ва Эрон баъд аз эъдоми як рӯҳонии шиа аз сӯи Ар-Риёз ҳам таъсир гузоштааст.

XS
SM
MD
LG