Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА аз Сеул ва Токио пуштибонӣ мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бори дигар изҳор намуд, ки Вошингтон ба таъмини амнияти Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора Кохи Сафед рӯзи 7 январ хабар дод. Изҳороти Обама посух ба хабари Кореяи Шимолӣ дар бораи озмоиши зеризаминии бомбаи ҳидрогенӣ аз сӯи ин кишвар аст.

Барак Обама дар изҳороташ ба эҳтимоли чораҳои шадиди ҷавобӣ алайҳи Пхенян ишора кардааст. Ӯ дар муроҷиат ба раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Пак Хин Ке ва нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ тасдиқ намудааст, ки кишварҳои ҳампаймон бояд дар бораи ҷавоби ягонаву сазовори байнулмилалӣ ба амалкарди бехудонаи Кореяи Шимолӣ ба созиш бирасанд.

Бар пояи Кохи Сафед, вазири умури хориҷии кишвар Ҷон Керрӣ бо ҳамтоҳояш аз Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон машваратҳо доир намуд. Як манбаи низомии Кореяи Ҷанубӣ ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки ҷонибҳо ҷойгирсозии таслиҳоти стратегии Амрико дар нимҷазираи Кореяро баррасӣ карданд. Аз ин пеш Сеул ва Токио озмоиши зеризаминии бомбаи ҳидрогенӣ аз сӯи Пхенянро таҳдид ба амнияти миллии худ арзёбӣ карда буданд.

Шӯрои Амнияти СММ рӯзи чаҳоршанбе, дар нишасти фаврии худ озмоиши зеризаминии бомбаи ҳидрогенӣ аз сӯи Кореяи Шимолиро нақзи қатънома номид ва гуфт, ки “озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ хатар эҷод мекунад”.

Шӯрои Амният эълон кард, ки қатъномаи нав таҳия ва алайҳи Кореяи Шимолӣ маҳдудиятҳои иловагӣ роҳандозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG