Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи Қайроққум бозсозӣ мешавад


Ширкатҳои “Тяжмаш” ва “Норд Гидро”-и Русия дар соли ҷорӣ ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон бозсозӣ хоҳанд кард.

Дар авохири моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон дар ин замина бо ин ду ширкат созишномаеро имзо карда буд.

Нерӯгоҳи Қайроққум дар соли 1951 дар рудхонаи Сирдарё бунёд шуда, то ба ҳол тармими ҷиддию бозсозӣ нашуда ва таҷҳизоти он кӯҳнаю фарсуда гардидааст.

Дар авохири соли 2014 давлати Тоҷикистон бо Бонки бозсохт ва рушди Аврупо созишноманро дар мавриди тарҳи “Бозсозии нерӯгоҳи Қайроққум”-ро имзо кард. Тибқи ин тавофуқ, Бонки Аврупо барои бозсозии нерӯгоҳ 50 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 25 миллион долларро ташкил медиҳад.

Феълан дар нерӯгоҳи “Қайроққум” 7 дарсади нерӯи барқи кишвар тавлид мешавад. Интизор меравад, пас аз бозсозӣ тавоноии он то 142 мегаватт афзоиш дода шавад.

XS
SM
MD
LG