Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ сеяки қаламравҳои худро аз даст додааст


Қаламравҳое, ки дар назорати нируҳои тундрави Давлати Исломӣ дар Ироқу Сурия қарор дошт, соли гузашта тақрибан сеяк баробар кам шудааст. Нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико, ки бо ин гурӯҳ меҷанганд, гуфтаанд, ки ДОИШ тақрибан 40 дарсади қаламрави худро дар Ироқ ва 20 дарсади дигарро дар Сурия аз даст додааст.

Дар ин бора сарҳанг Стив Воррен-сухангӯи нируҳои эътилоф дар Бағдод хабар дод. Бо кӯмаки ҳамлаҳои ҳавоӣ нируҳои курд гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломиро аз Синҷар-воқеъ дар шимоли Ироқ ва аз минтақаҳои марзии миёни Туркияву Сурия берун рондаанд.

Дар маркази Ироқ нируҳои давлатӣ ва пайравони шиа шаҳри Тикритро ба тасарруфи худ дароварданд. Моҳи гузашта онҳо аз аксари қисматҳои шаҳри Рамодӣ-маркази вилояти Анбар тундравҳои Давлати Исломиро берун ронда буданд.

XS
SM
MD
LG