Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Инстаграм”-и блогнависи қирғизро шикастанд


Элдана Сатибалдиева

Элдана Сатибалдиева

Афроди ношинос саҳифаи хусусии Элдана Сатибалдиева, блогнависи саршинос дар Қирғизистонро шикастаанд. Худи Элдана хабар дод, ки аз ин саҳифааш ҳамаи 742 навори видеоӣ ҳазф шудааст.

Саҳифаи хусусии @eldana_foureyes шаби 6 январ рахна шуд. Ба ҷуз аз ҳазфи наворҳои видеоӣ, тахрибкорон исми саҳифаро низ тағйир додаанд. Аммо сипас онҳо ҳама маводи сафҳаро ба ин сафҳаи хусусӣ баргардонидаанд.

Муштариёни сершумор дар шарҳҳои худ аз Элдана пуштибонӣ кардаанд. Наворҳои кӯтоҳ ва танзомез Элданаро на танҳо дар Қирғизистон, балки дар хориҷ аз кишвар низ саршинос кардааст. Ёдовар мешавем, ки сафҳаи Элдана қариб ним миллион муштарӣ дорад.

XS
SM
MD
LG