Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумат зери фишор аз тахриби манор даст кашид


Нақшаи майдони манори 700 солаи Андиҷон

Нақшаи майдони манори 700 солаи Андиҷон

Мақомоти расмии Узбакистон аз нақшаи зиддунақизи худ дар бораи вайрон кардани манори 700 солаи шаҳри Андиҷон даст кашиданд. Мақомот мехостанд, ки дар ҷои ин манор фаввораи об дуруст кунанд.

Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ки тасмим дар бораи ҳифзи манор аз тарафи кумиссиюни вижаи ҳукуматӣ гирифта шудааст. Ин кумиссиюн аз ин маҳал бозид ва бо сокинону фарҳангиён ва тарихшиносон мулоқот кардааст. Онҳо ба вайрон кардани манор ва масҷиди назди он эътироз кардаанд.

Ин манори бештар аз 700 сола дар паҳлӯяш масҷид низ дорад ва дар Андиҷон онро бо номи Мусаллои Андиҷон ном мебаранд. Муҷтамаъи мазкур дар нимаи дуввуми қарни 13 бунёд шудааст.

Ҳангоме, ки мақомти ҳукуматӣ вайрон кардани ин муҷтамаъро эълон карданд, мардум ба нишонаи эътироз садо баланд карданд ва хостори ҳифзи ин асари меъмории таърихӣ шуданд. Онҳо дар ин бора ба нишонии Шавкат Мирзиёев-нахуствазири кишвар номае навиштанд.

Ҳукумат мехост дар ҷои он фавворае созад. Вале акнун зери фишори ҷомеа аз ин нақшаи худ даст кашидааст.

XS
SM
MD
LG