Пайвандҳои дастрасӣ

Шамсулло Соҳибов - намояндаи тиҷоратии Душанбе дар Бритониё ва домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Анҷумани миллии намудҳои зимистонаи варзиши кишвар интихоб шудааст.

Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Душанбе дар Бритониё ва домоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари нави Анҷумани миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб шудааст. Як манбаъ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 6 январ ба Озодӣ гуфт, ки интихоби Шамсулло Соҳибов ба ин мақом баъди истеъфои Ибодулло Қурбонов – раҳбари пешини ин ассотсиатсия ва рӯзи 2 январ дар мавзеи "Сафедорак" (ҳоло Сафед-дара)-и минтақаи Такоби Варзоб сурат гирифтааст.

Ба қавли манбаъ, Ибодулло Қурбонов ба далели беморӣ аз мақомаш истеъфо додааст. "Шамсулло Соҳибов ба навъҳои зимистонаи варзиш, ба хусус лижаронии кӯҳӣ таваҷҷуҳи зиёд доштааст ва бинобар ин аз сӯи иштирокдорони конфронс якдилона интихоб шуд," -- афзуд мусоҳиби мо.

Шамсулло Соҳибов дар ҳоле ба мақоми раҳбари Анҷумани миллии намудҳои зимистонаи варзиш расидааст, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон маҷмааи лижаронии "Сафедорак" дар ноҳияи Варзобро ба фурӯш гузошта, то ҳол молики нави ин маҷмааро эълон накардааст.

Як коршиноси соҳаи варзиш гуфт, ки мавзеи "Сафедорак" дар солҳои охир вазъи ногувор дошт ва баъди пайдо кардани соҳиби наваш дубора ба макони тамрини варзишкорон ва саёҳати ҷаҳонгардон табдил мешавад. Ба қавли ин мусоҳиби мо, ҳоло роҳҳои то "Сафедорак" васеъ карда шуда, меҳмонхонааш низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ шудааст. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифае бо номи "Сафед-дара" боз шуда, ба таблиғи ин маҷмаа пардохтааст.

Варзишҳои зимистона, аз ҷумла лижаронӣ дар Тоҷикистон чандон маъмул нестанд ва ба ҳисоби масъулони маҷмааи “Сафедорак”, солона барои лижаронӣ ба инҷо ҳамагӣ то 3 000 нафар сар мезананд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочии Русия, барои мисол, ҳамагӣ 1 нафар – лижарон Алишер Қудратов – намояндагӣ мекард.

Дар Тоҷикистон ҳоло ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи бештар ба варзишҳои зимистона ҳамчунин як мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиштаъсис додаанд, ки низ дар заминаи маҷмааи “Сафедорак” амал мекунад.

Мақоми нав ва дувуми Шамсулло Соҳибов - домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду соли пеш бародари ӯ Зайнулло Соҳибов раҳбари ширкати "Сементи тоҷик" таъин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буда, духтари дигари ӯ Озода Раҳмон муовини аввали вазири умури хориҷист.

Муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидзода низ аз хешони наздики оқои Раҳмон буда, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки Тоҷикистон ва бино ба гуфтаи афроди огоҳ, тиҷорати алюминий - фаровардаи ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии ин кишварро дар даст дорад. Домоди президент Ҷамолиддин Нурализода ҳоло муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст. Қаблан Муҳаммадзоҳир Соҳибов, як домоди дигари президент ва амаки Шамсулло Соҳибов, чанд сол раҳбари Оҷонси харидҳои давлатӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG