Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваррум дар Қазоқистон ба 13,6 фоиз расидааст


Ба иттилои Кумитаи омори вазорати иқтисоди миллӣ, мизони таваррум дар Қазоқистон дар соли 2015 ба 13,6 фоиз баробар шудааст.

Нархи маводи ғизоӣ дар соли сипаришуда 10,9 фоиз бештар шуда, қиммати маҳсулоти дигар 22,6% афзоиш ёфтааст ва арзиши хадамот танҳо 8,1 фоиз бештар гардидааст.

Дар оғози соли 2015 мақомот пешбинӣ карда буданд, ки мизони таварруми солона 6-8 дарсад хоҳад шуд. Дар нимсолаи аввал таваррум баробари 1,4% шуд. Аммо баъд аз он, ки мақомоти Қазоқистон дар моҳи август ба шакли "шиноварии озод" гузаштани қурби тангаро эълон карданд, суръати таваррум шиддат гирифт.

Дар моҳи ноябри соли гузашта раиси Бонки милии Қазоқистон Данияр Акишев дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ дар Остона гуфт, дар натиҷаи соли 2015 ҳаҷми таварруми пешбинишуда бештар хоҳад шуд. Дар соли 2014 таваррум дар Қазоқистон баробари 7,4 дарсад шуда буд.

XS
SM
MD
LG