Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2015 муҳоҷирон ба Қирғизистон 1 миллиарду 417,9 миллион доллар интиқол додаанд, ки 26,7% камтар аз маблағи ҳамин давраи соли 2014 мебошад, хабар медиҳад маркази матбуотии ҳукумат.

92% ин маблағ аз Русия ва қисми боқимонда аз Қазоқистон, ИМА ва кишварҳои дигар фиристода шудааст.

Коршиносон коҳиши ин нишондодро ба мушкилоти иқтисодӣ дар Русия ва уфти қурби рубли русӣ марбут медонанд.

Ёдовар мешавем, дар моҳи декабри соли 2015 дар гузориши СММ гуфта шуда буд, ки аз лиҳози ҳаҷми интиқолҳои пулӣ Қирғизистон дар ҷаҳон баъд аз Тоҷикистон ҷойгоҳи дувумро касб кардааст. Ҳаҷми интиқоли муҳоҷирони қирғиз баробари 32% ҳаҷми маҳсулоти нохолиси кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG