Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастрасии 20% аҳолии Қирғизистон ба интернет


Дар Қирғизистон 25% аҳолӣ ба Интернет дастрасӣ дошта ва танҳо 20 дарсади онҳо корбарони ин шабака мебошанд.

75% дигари аҳолӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ надорад. Дар ин бора дар гузориши "Арзёбии шароити интернетии Ҷумҳурии Қирғизистон" зикр шудааст. Ин гузоришро созмони байналмиллалии Internet Society (ISOC) таҳия кардааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, ин нишондод пойинтар аз кишварҳои ҳамсоя мебошад. Аз рӯйи паҳншавии Интернет дар Осиёи Марказӣ Қирғизистон танҳо аз Тоҷикистон ва Туркманистон пешсаф аст.

Гуфта шудааст, ки 90% аҳолӣ бо шабакаи мобилӣ фаро гирифта шудааст. 50% аҳолӣ ба шабакаи густурдаи алоқаи мобилии марҳилаи севум (3G) дастрасӣ дорад. Аммо танҳо 20% аҳолӣ корбарони шабакаи интернет мебошад. Тибқи таҳлили коршиносон, ду сабаби тафовути зиёд миёни дастрасӣ ва сатҳи истифода аз он вуҷуд доранд. Яке аз ин сабабҳо гаронии арзиши он ва зарурат барои истифода аз Интернет аст.

Ёдовар мешавем, ки ISOC ҳамасола пажӯҳиши фарогире дар мавриди шароити истифода аз Интернет дар ҷаҳонро анҷом медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ин созмон таҳқиқоте дар ин заминаро дар як кишвари алоҳида аҳёнан барпо мекунад. Қирғизистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ин созмон дар он ҷо пажӯҳиш анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG