Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: сиёсати эътилоф ба амнияти Русия хатар надорад


Оана Лунгеску
Оана Лунгеску

НАТО иттиҳоми Москавро, ки мегӯяд, сиёсати эътилофи Атлантикаи шимолӣ барои Русия хатар эҷод мекунад, рад кард.

Дар ҳамин ҳол, тавре оҷонсии Associated Press хабар медиҳад, намояндаи НАТО Оана Лунгеску стратегияи нави амнияти миллии Русияро, ки президенти он кишвар Владимир Путин рӯзи 31 декабр имзо кард, шарҳ додааст.

Дар стратегияи нави амнияти миллии Русия зикр шудааст, ки яке аз хатарҳои асосии давлат ин густариши НАТО мебошад. Ба ҷуз ин Русия бар ин назар аст, ки мавқеи Ғарб дар “зиддият ба раванди якпорчасозӣ ва бунёди конунҳои таниш” хулоса мешавад. Ва ин мавқеъгириҳо ба амалисозии ҳадафҳои Русия таъсири манфӣ доранд, гуфта шудааст дар стратегия.

Лунгеску рӯзи сешанбе ин баёнияҳоро беасос номид. Дар стратегияи нави амнияти миллии Русия ба муносиботи ин кишвар бо давлатҳои Ғарб ва “мудофиаи миллӣ” 40 модда – яъне нисфи ҳуҷҷат бахшида шудааст.

XS
SM
MD
LG