Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду зани тоҷик барои тиҷорати инсон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Сунаҳвар Зубайдова - сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Зарина Назарова - сокини ноҳияи Вахшро барои ҷалби Саидаи 23-сола ба танфурӯшӣ дар Дубай боздошт карда, алайҳи онҳо бо ҷурми қочоқи инсон парванда боз намудааст. Як масъули дафтари матбуоти ВКД 6 январ ба Озодӣ гуфт, ки Сунаҳвар Зубайдова ва Зарина Назароваро дар пайи як амалиёти вижа дар рӯзи сешанбе дастгир кардаанд.

“Онҳо дар моҳи ноябри соли 2014 зани ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Хуросон Саидаро бо мақсади ба кор ва музди хуб таъмин намудан ба шаҳри Дубай мебаранд ва то моҳи апрели соли 2015 ба танфурӯшӣ ҷалб мекунанд,” – гуфт манбаъ. Ба қавли мусоҳиби мо дар ВКД, Сунаҳвар Зубайдова ва Зарина Назарова дар бозпурсӣ тасдиқ кардаанд, ки онҳо Саидаро дар марказҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо ҳамчун танфурӯш истифода намуда, аз ин ҳисоб гумонбаршудаи аввал беш аз 25 ҳазор доллар ва дувумӣ беш аз 40 ҳазор доллар ба даст овардаанд.

Мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар доираи таҳқиқи ин парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду гумонбаршуда чи гуна ва бо чӣ роҳ ду сокини Тоҷикистон занонро ба Дубай ҷалб мекунанд ва дар ин роҳ боз бо кадом гуруҳҳои қочоқбар ҳамкорӣ доранд, ошкор карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG