Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду минтақаи гуногуни соҳилҳои баҳри Эгей ҷасади дасти кам 21 муҳоҷир ошкор шуд. Дар ин бора хадамоти вазъи изтирории Туркия рӯзи 5 январ хабар доданд. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, даҳ ҷасадро дар соҳилҳои шаҳри Дикилӣ ва 11 ҷасади дигарро дар соҳилҳои шаҳри фароғатии Айвалиқ пайдо карданд. Миёни қурбониён се кӯдак ҳам ҳаст.

Ба навиштаи расонаҳо, ин муҳоҷирон мехостанд, ки ба ҷазираи Лесбоси Юнон бирасанд ва заврақҳои резинии онҳо дар баҳр ғарқ шудаанд.

Кормандони хадамоти ҳифзи соҳил барои наҷоти афроди зиндамонда рафтанд. Чанд нафар наҷот дода шуд. Дар бораи ҳуввияти муҳоҷирон ҳанӯз иттилоъ нест.

Соли гузашта тақрибан 850 ҳазор нафар, асосан шаҳрвандони Сурияву Ироқ, тавассути Туркия вориди Юнон шуданд.

XS
SM
MD
LG