Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷамъияти дӯстии Чеченистону Украина дар як муроҷиати видеоӣ Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистонро "ғулом" номидааст, ки ба қавли ӯ мехоҳад ҳамаи мардуми ин кишварро мисли худ ғулом созад.

Аҳмад Алихоҷаев - раҳбари ҷамъияти дӯстии Чеченистон ва Украина аз Рамазон Қодиров барои он ки, ба қавли ӯ, шаъну эътибори як зани чеченро дар назди ҷаҳониён паст задааст, интиқод карда ва ӯро "як ғулом" номидааст.

Ин баҳс ба муроҷиати Айшат Инаева, як сокини Чеченистон, ба Рамазон Қодиров бармегардад, ки аввалҳои моҳи декабри соли гузашта дар Интернет пайдо шуд ва дар он аз таъхири пардохти музди меҳнат шикоят шудааст. Баъд аз он муроҷиат Айшат Инавеа якҷоя бо Рамазон Қодиров дар як барномаи телевизонии "Грозний" пайдо шуд ва тамоми гуфтаҳояшро рад намуд.

Чунин бархӯрд бо Инаева вокунишҳоро дар миёни чеченҳо ба бор овард ва як гурӯҳи онҳо дар охирҳои моҳи декабр дар Вена, пойтахти Австрия, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд.

Аҳмад Алихоҷаев ҳам дар муроҷиати видеоии худ хитоб ба Рамазон Қодиров гуфтааст, ки "вақте як зани чечен тавассути Вотсапп ба ту муроҷиат кард ва ғаму андӯҳи худро дар миён гузошт, ба ҷойи он ки ӯро гӯш кунӣ, занро ба саҳнаи телевизион кашидӣ. Вайро дар назди ҷаҳониён паст задӣ."

Алихоҷаев дар идома мегӯяд, "замоне ки одамон аз ту (Қодиров) метарсиданд, гузаштааст. Ту ҳоло на даранда, балки як қурбонӣ ҳастӣ". Раиси ҷамъияти дӯстии Чеченистон ва Украина дар ин муроҷиаташ раҳбари чеченро ғуломе беш надонистааст: "Ту худат ғулом ҳастӣ, Рамазон! Агар ту ғулом намебудӣ, талош намекардӣ, ки аз мардуми чечен ғулом созӣ."

Тазоҳуроти эътирозии чеченҳо дар Вена рӯзи 24 декабри соли гузашта бо ҳузури тақрибан 200 нафар гузаштааст. Баҳонаи тазоҳурот бар иловаи қазияи Айшат Инаева бархӯрди номуносиб бо Адам Дикаев будааст, ки ӯ низ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ Рамазон Қодировро зери бори танқид гирифтааст.

20 декабри соли 2015 корбарони Интернет дар бораи таҳқири оммавии сокини Чеченистон Адам Дикаев хабар доданд. Афроди номаълум шими Дикаевро бадар карда, ӯро маҷбур кардаанд, ки бидавад ва "Дӯсти беҳтарини ман - ин президент Путин аст" гуфта фарёд занад. Ҳамаи ин ҳодиса ба навор гирифта шуда ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст. Қодиров аз рафтори онҳоеро, ки Дикаевро таҳқир кардаанд, пуштибонӣ намудааст.

Ба дунболи тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи чунин бурхӯрдҳо бо афроди норозӣ дар Чеченистон, рӯзи 28 декабри соли гузашта раиси ҷумҳури ин кишвар Рамазон Қодиров ба наздикони чеченҳои муқими кишварҳои хориҷӣ, ки дар тазоҳуроти Вена иштирок кардаанд, таҳдид намуд, кӣ ва чӣ кора будани онҳоро дақиқ мекунад. "Бар асоси одатҳои мо бародар ба ҷойи бародараш ҷавоб мегӯяд. Ман амр додам, то дақиқ кунанд, ки оё иштирокдорони ин тазоҳурот бародар, падар доранд ва аз куҷоянду худро чӣ гумон мекунанд. Чаро онҳо ба худ ин ҳақро додаанд, ки ба унвонии раҳбари ҷумҳурӣ ва халқ эътироз кунанд?” – гуфтааст раиси ҷумҳури Чеченистон.

Ташаббускори тазоҳуроти Вена Ҳусейн Исханов дар сӯҳбат бо телевизиони “Настоящее Время” гуфт, ки "ҳоло ҳукумати Чеченистон на бо сару иродаи худ, балки бо иҷозаи ҳукумати Русия ба раҳбарии Владимир Путин кор мекунад.”

Рамазон Қодиров, писари Аҳмад Қодиров – раиси ҷумҳури собиқи Чеченистон аст, ки тӯли ҳашт сол боз зимоми қудрат дар ин кишварро дар даст дорад. Ӯ борҳо дар нишасту бархостҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳимояташ аз Владимир Путинро баён кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG