Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, гуфт, ки Арабистони Саъудӣ наметавонад бо қатъи робитаҳо бо Теҳрон ҷинояти худ – эъдоми рӯҳонии шиаро рӯпӯш кунад. Ӯ дар изҳороте, ки рӯзи 5 январ дар сомонаи интернетияш нашр шудааст, навиштааст, “Арабистони Саъудӣ аз чораҳои ғароиб кор гирифт ва барои рӯпӯш намудани ҷинояташ робитаҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кард”. Бидуни шубҳа, ин гуна амалҳо наметавонанд он ҷинояти бузургро рӯпӯш кунанд, гуфтааст Рӯҳонӣ бо ишора ба эъдоми рӯҳонии шиа шайр Нимр ан-Нимр аз сӯи Арабистони Саъудӣ.
Баъд аз эъдоми ин рӯҳонӣ садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд. Ин ҳамлаҳо боиси он шуданд, ки Арабистони Саъудӣ робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Кувайт рӯзи 5 декабр хабар дод, ки сафирашро аз Теҳрон бозхондааст.