Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи омилони қатли Алиев шурӯъ мешавад


Охирин акси Расим Алиев

Охирин акси Расим Алиев

Дар шаҳри Боку рӯзи 5 январ мурофиаи додгоҳии панҷ нафаре шурӯъ мешавад, ки дар даст доштан дар куштори хабарнигори озарӣ Расим Алиев айбдор мешаванд.

Хабарнигор бар асари ҷароҳатҳои вазнин рӯзи 9 август аз олам даргузашт. Ӯ аз сӯи пайвандони бозингари дастаи футболи маҳаллии “Габала” Ҷовид Ҳусейнов шадидан латукӯб шуда ба бемористон интиқол ёфта буд. Бар пояи хабарҳо, Расим Алиевро барои он латукӯб карданд, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук футболбозро танқид карда буд. Матлаби Расим Алиев дар шабакаи иҷтимоӣ баъд аз он нашр шуд, ки футболбоз баъд аз як бозӣ дар Қибрис парчами Туркияро болои сар боло кард ва ба саволи хабарнигори қибрисӣ дар ин бора посухи ҳақоратомез дод. Расим Алиев навишт, ки ин гуна афроди дур аз фарҳанг набояд футболи Озарбойҷонро дар Аврупо муаррифӣ кунанд.

Миёни муттаҳамони ин парванда Ҷовид Ҳусейнов нет. Футболбоз аз рӯи дигар парванда дар иттилоъ надодан дар бораи ҷиноят айбдор мешавад ва дар сурати собит шудани гуноҳаш ба ӯ то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҷовид Ҳусейнов ва панҷ нафари гумонбар дар латукӯби Расим Алиев моҳи август боздошт шуда буданд. Он вақт гурӯҳи хабарнигорон дар як пикет дар канори бинои Додситонии кулли Озарбойҷон хостори “муҷозоти сазовор” барои қотилони Расим Алиев шуда буданд.

XS
SM
MD
LG