Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Кувайт рӯзи 5 январ эълом доштанд, ки ба думболи Арабистони Саъудӣ, Баҳрайн ва Судон сафири кишварро аз Теҳрон бозхонданд. Ин тасмим ба думболи ҳамла ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон гирифта шудааст.

Аммо дар изҳороти ҳукумати Кувайт дар бораи он ки бозхондани сафири кишвар аз Теҳрон ба робитаҳои дипломатии ду кишвар чӣ таъсир хоҳад гузошт, чизе гуфта нашудааст.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи 4 январ аз ҳамлаҳо ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар шаҳри Машҳад интиқод кард. Ҳамлаҳо ба намояндагиҳои Арабистони Саъудӣ дар Эрон баъд аз эъдоми рӯҳонии шиа Нимр Боқир Ан-Нимр, ки дар терроризм айбдор шуда буд, сурат гирифтанд.

Шӯрои амнияти СММ аз Эрон хостааст, ки дипломатҳо ва моликияти онҳоро ҳифз кунад ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро риоя намояд. Аз ҳарду кишвар хоста шудааст, ки аз гуфтушунид кор бигиранд ва барои коҳиши вазъият дар минтақа талош варзанд.

Аммо, бино ба иттилои Би-Би-Си, дар изҳороти Шӯрои амният дар бораи эъдоми шайх Ан-Нимр ва 46 муттаҳамаи дигар чизе гуфта нашудааст.

Арабистони Саъудӣ рӯзи якшанбе робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд.

Муовини наухствазири Туркия Нӯъмон Куртурмуш рӯзи 4 январ аз Теҳрону Ар-Риёз хост, ки аз сабурӣ кор бигиранд, зеро Ховари Миёна аллакай ба як “бушкаи борут” табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG