Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди ША СММ аз ҳамла ба сафорати Саъудӣ


Ҳамла ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон

Ҳамла ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон

Шӯрои амнияти (ША) СММ аз ҳамлаҳо ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар шаҳри Машҳад интиқод кард. Дар ин бора Би-Би-Си рӯзи 5 январ хабар дод.

Ҳамлаҳо ба намояндагиҳои Арабистони Саъудӣ дар Эрон баъд аз эъдоми рӯҳонии шиа Нимр Боқир Ан-Нимр, ки дар терроризм айбдор шуда буд, сурат гирифтанд. ША СММ аз Эрон хостааст, ки дипломатҳо ва моликияти онҳоро ҳифз кунад ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро риоя намояд. Аз ҳарду кишвар хоста шудааст, ки аз гуфтушунид кор бигиранд ва барои коҳиши вазъият дар минтақа талош варзанд.

Аммо, бино ба иттилои Би-Би-Си, дар изҳороти Шӯрои амният дар бораи эъдоми шайх Ан-Нимр ва 46 муттаҳамаи дигар чизе гуфта нашудааст.

Арабистони Саъудӣ рӯзи якшанбе робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Муовини наухствазири Туркия Нӯъмон Куртурмуш рӯзи 4 январ аз Теҳрону Ар-Риёз хост, ки аз сабурӣ кор бигиранд, зеро Ховари Миёна аллакай ба як “бушкаи борут” табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG