Пайвандҳои дастрасӣ

Обама назорати фурӯши силоҳро шадид мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, низоми фурӯши силоҳ дар Амрикоро шадидтар хоҳад кард. Дар ин бора Кохи Сафед рӯзи 4 январ хабар дод ва тавзеҳ кард, ки амри раисиҷумҳур иҷрои даҳ чораи гуногунро дарбар мегирад ва Обама умедвор аст онҳо ба пойин рафтани сатҳи хушунат аз тариқи силоҳ мусоидат кунанд.

Яке аз чораҳои асосӣ – густариши рӯйхати афродест, ки барои фурӯши силоҳ бояд ҳатман сабти ном шаванд ва муҷаввиз гиранд. Ба ин гурӯҳ соҳибкорҳое шомиланд, ки тайи сол чанд бор дар ярмаркаҳо силоҳ мефурӯшанд. Бар пояи фармон, тафтиш аз болои афроде, ки автомат мехаранд ва ҳисобу китоби силоҳи гумшуда ҳам шадид хоҳад шуд.

Хабари таҳия шудани фармони раисиҷумҳур дар бораи ташдиди назорат аз болои фурӯши силоҳ боиси интиқоди вакилони Конгресс аз ҳизби ҷумҳурихоҳон ва довталабони номзадӣ аз ин ҳизб дар интихоботи президентӣ шуд. Раиси Маҷлиси намояндагон Пол Райан изҳор намуд, ки раисиҷумҳур бо амалҳои худ ваколатҳои органҳои қонунбарорро нақз мекунад – аз ин пеш ибтикори Обама барои ҷорӣ кардани маҳдудият дар фурӯши силоҳ аз сӯи Конгресс рад шуда буд.

Аммо номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон аз тасмими раисиҷумҳур истиқбол кард ва хостори гомҳои қатъӣ дар фурӯши силоҳ шуд.

Соли гузашта бар асари панҷ ҳамла аз тариқи силоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятии ИМА 40 нафар ба ҳалокат расида, 42 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамзамон бар пояи омори расмӣ, тайи ду даҳсолаи ахир теъдоди қурбониёни ҳамлаҳо бо истифода аз силоҳ ду баробар камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG