Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 1 феврали соли 2016 ба муштариёни сабтиномнашудаи алоқаи мобилӣ дар Қирғизистон хизматрасонӣ қатъ карда мешавад. Дар ин бора дар маркази матбуотии Агентии алоқаи давлатӣ хабар доданд.

Агентии алоқа дар муроҷиат ба шаҳрвандон гуфтааст, ки метавонанд то 31 январи соли 2016 SIM-кортҳоро дубора сабти ном кунанд. Тибқи қарори ҳукумат, ширкатҳои фароҳамкунандаи алоқаи мобилӣ вазифадоранд танҳо ба муштариёне хизматрасонӣ кунанд, ки бо онҳо қарордод имзо шудааст.

Муштариёни расман сабтнашуда аз алоқаи мобилӣ маҳрум мегарданд.

Дар Агентии давлатӣ афзуданд, ки то аввали моҳи декабри соли 2015 миқдори умумии муштариёни сабти ном нашуда 354 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Пештар раҳбари бахши омори бозори истеъмолии Кумитаи миллии омор Элмира Мамбеталиева хабар дода буд, ки дар Қирғизистон 7,5 миллион симкорт фаъол аст. Аҳолии Қирғизистон 6 миллион нафар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG