Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саъудӣ бо Эрон равобити дипломатиро қатъ кард


Баъди ҳамлаи тазоҳургарон ба сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон, ин кишвар эълом кард, ки равобити дипломатӣ бо Эронро қатъ мекунад. Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 3-уми январ баъди эълони ин қарор аз дипломатҳои эронӣ хост, дар муддати 48 соат қаламрави Арабистонро тарк кунанд.

Баъди иҷрои ҳукми қатли як рӯҳонии шинохтаи шиамазҳаб дар Арабистони Саудӣ, гурӯҳе аз тазоҳургарон ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон ҳамла карданд ва онро оташ заданд.

Қатли Шайх Нимр ал-Нимр хашми Ҷумҳурии Исломиро барангехт ва муносиботи печидаи ду рақиб дар Ховари Миёна Эрон ва Арабистони Саудиро бадтар кард.

XS
SM
MD
LG