Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди дархости “Хуҷанд” барои ширкат дар Ҷоми АFC


Дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд

Дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё ё AFC-2016 бисту се бозигарро шомил кардааст.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, соҳиби ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми АFC-2016 бисту се бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро пешниҳод кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаи “Хуҷанд”-ро бозигарони нав, ба монанди дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов, ки мавсими гузашта дар дастаи “Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекарданд, пурра намуданд.

Инчунин ба дархости “Хуҷанд” барои ширкат дар Ҷоми АFC ҳимоятгарони мунтахаби миллии Тоҷикистон Далерҷон Тухтасунов ва Манучеҳр Аҳмадов дохил шудаанд. Ҳайати даста, ҳамчунин аз ҳисоби нимҳимоятгарон Абдусамад Ҳоҷибоев ва Илҳомҷон Баротов, ки мавсими гузашта дар дастаи «Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бозӣ кардаанд, пурра гардидааст.

Ёдовар мешавем, «Хуҷанд» дар даври интихобии Ҷоми AFC 9-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин бозӣ мекунад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хуҷанд” дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Дархости бошгоҳи футболи «Хуҷанд» барои ширкат дар Ҷоми

AFC-2016:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Абдуазиз Маҳкамов, Дилшод Додобоев;

Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Сафаралӣ Каримов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Амир Иброҳимов;

Нимҳимоятгарон: Илҳомҷон Баротов, Дилшодҷон Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Саидҷон Шарифов, Ҳоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Абдумалик Шодиев;

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев, Мубинҷон Муъминов, Марифҷон Марифбоев, Дилшод Бозоров.

Сармураббӣ: Нуъмонҷон Юсуфов.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG