Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шинзо Абе хостори мулоқот бо Путин шуд


Шинзо Абе
Шинзо Абе

Шинзо Абе-нахуствазири Ҷопон хостори мулоқот бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия шуд, то қарордоди сулҳи ҷонибҳоро баррасӣ ва имзо кунанд. Вай ин нуктаро рӯзи 4 январ дар Токио дар нишасти хабарӣ изҳор дошт.

Шинзо Абе ҳамчунин амалкардҳои Русия дар Ховари Миёнаро муҳим арзёбӣ намуд ва гуфт, ки Русия дар мубориза бо терроризм нақши созанда мебозад.

Абе аз соли 2012, яъне аз замоне, ки раҳбарии ҳукумати Ҷопонро бар уҳда гирифт, талош дорад, ки муносибатҳо бо Русия беҳбуд ёбад, вале муноқиша дар шарқи Украина ва мушкилоти дигар ба он имкон надоданд.

Баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳон миёни Ҷопон ва Русия қарордоди сулҳ имзо шуд ва он ба баҳсҳо пиромуни чанд ҷазира дар шимоли ҷазираи Ҳокайдо дахл дошт. Ҷопон ин ҷазираҳоро “қаламрави шимолӣ”-и худ медонад.

Токио талабгори ҷазираҳои Курил мебошад. Аммо Маскав мегӯяд, ки ин ҷазираҳо дар натиҷаи ҷанги дуввуми ҷаҳон ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудаанд ва он мавриди баррасӣ қарор намегирад.

XS
SM
MD
LG