Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия бар зидди Русия шикоят омода мекунад


r

r

Ҳукумати Туркия бар зидди таҳримҳои иқтисодии Русия ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шикоят омода мекунад. Дар ин бора Мустафо Элитас-вазири иқтисоди Туркия ба нашрияи Daily Sabah хабар додааст.

Бино ба гуфтаи вазир, Анкара ба ҷамъоварии асноде машғул аст, ки гувоҳи риоят накардани муқаррароти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аз тарафи Маскав аст. Анкара мехоҳад бо ин аснод аз ҳуқуқи ширкатҳои осебдида дар додгоҳ ҳимоят кунад.

Вазири иқтисоди Туркия мегӯяд, тиҷорат “қоидаҳои маънавӣ”-и худро дорад. Соҳибкорони Туркия ба ҳукумати Русия бовар карданд ва дар ин кишвар сармоягузорӣ намуданд. Вазир мегӯяд, дар чунин вазъ рафтори Русия ба муқаррароти тиҷорати байналмиллалӣ мутобиқат намекунад.

Таҳримҳои иқтисодии Русия бар зидди Туркия аз 1 январ эътибор пайдо кард. Тибқи ин таҳримҳо воридоти меваву сабзавот ва гӯшти мурғи Туркия ба Русия мамнуъ эълон шудааст. Фаъолиятҳои сохтмонӣ ва сайёҳиро низ мамнуъ эълон кардаанд.

Баъд аз сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Русия дар марз бо Сурия муносибатҳои миёни Русияву Туркия сард шуд.

XS
SM
MD
LG