Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталаб худро дар назди фурудгоҳи Кобул тарконд


Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки як бамгузори маргталаб дар наздикии фурудгоҳи Кобул 4 январ ҳамлае анҷом додааст. Дар ин ҳамла худи маргталаб кушта шудааст, вале талафоти дигар ва харобиҳои ҷиддӣ ба бор наомадааст.

Ба гуфтаи вазорати корҳои дохила, маргталаб пиёда худро ба посгоҳи пулис наздик кардааст ва худро дар дохили мошине таркондааст.

Ин бамгузорӣ наздик ба маҳале рух додааст, ки ҳафтаи гузашта як маргталаб як нафарро кушта 33 нафари дигарро маҷруҳ кард. Масъулияти ҳамларо низ касе бар уҳда нагирифтааст.

Аз сӯи дигар, дар шаҳри Мазори Шариф нируҳои вижаи Афғонистон даргирӣ бо гурӯҳи тундраверо идома медиҳанд, ки дар хонае сангар гирифтааст. Ин гурӯҳ талош дошт ба консулгарии Ҳиндустон дар ин шаҳр ҳамла барад.

XS
SM
MD
LG